Мо ҳамчуи ғунчаи сар ба гиребон кашида ем
Гӯии мурод дар хам чавгон кашида ем
Хӯни ҳамчуи нофа дар тани мо машк ме шавад
То дасти худ зи неъмат алвон кашида ем
Ширин шудааст то чу гуҳари устихони мо
Бисёр талху шӯри з Аммон кашида ем
Ранҷидаем агар зи ватани ҳақ ба дасти мост
Онҳо ки мо зи силӣ ихвон кашида ем
Гаштааст тўтёии қалами устихони мо
Аз бас ки бори миннат эҳсон кашида ем
Аз муваҷҷаҳи сароби дарин дашти оташин
Бисёр нози чашма ҳайвон кашида ем
Худро зи мкрдўсти намоёни рӯзгор
Гоҳе ба чоҳу гоҳ ба зиндон кашида ем
Чун мӯри хоксори зи гуфтори шаккарин
Худро ба рӯй даст сулаймон кашида ем
То чашми мо ба давлати бедори во шуда аст
Як умри машқи хоб парешон кашида ем
Мо пардаҳо зи обилаи пои худ зи рашк
Бар рӯй хорҳои муғелон кашида ем
Соиби зи сайли ҳодиса аз ҷо наме рӯем
Мо пои худ чу кӯҳ ба домон кашида ем