Мо хандаро ба мардум биғм гузоштем

Гулро ба шӯхи чашмӣ шабнам гузоштем

Қонеъ ба талху шӯри шудем аз ҷаҳони хок

Чун каъбаи дил ба чашма замзам гузоштем

Мардум ба ёдгор асарҳо гузоштанд

Мо дасти рад ба сина олам гузоштем

Чизе ба рӯй ҳам наниҳодем дар ҷаҳон

Ҷузи дасти ихтиёр ки бар ҳам гузоштем

Доданд агар Аннани ду олам ба дасти мо

Аз бихўдии зи дасти ҳамон дам гузоштем

Алмос , бенамак шуда буд аз мувофиқат

Тадбири захму доғ ба марҳам гузоштем

Бе ҳосилии нгркаҳи ҳузури биҳишт ро

Аз баҳри як ду дона чу одам гузоштем

Соиби фазои чархи мақом нишот нест

Беҳудаи по ба ҳалқа мотам гузоштем