Дар кӯии ҷон ба қатъ мароҳил наме расем

То гирд ҷисм ҳаст ба манзил наме расем

На дайни мо ба ҷо ва на дунёии мо тамом

Аз ҳақ гузаштаем ва ба ботил наме расем

Дар дасту по задани гарав аз мавҷ ме барем

Донистаем агарчӣ ба соҳил наме расем

Кори штобкор ба поён наме расад

Инаст агар шитоб , ба манзил наме расем

Хӯнӣ ки буд дар тани мо , сӯхт чун нафас

Вази бахти бад ҳануз ба қотил наме расем

Дасти карами зи риштаи тасбеҳ барда ем

Рӯзӣ намеравад ки ба сад дил наме расем

Зини сон ки мавҷи ҳодисаи дунбол мо гирифт

Чун киштии ҳубоб ба соҳил наме расем

Соиби дарин муҳӣт ки ҳар қатра восил аст

Мо дар худ аз табиат коҳил наме расем