Мо заҳрро ба ҷабҳаи бигушода чун кашем ?

Хамёзаро ба чошнии бода чун кашем ?

Аз кӯҳи қофи бол призод оҷизаст

Бори ҷаҳон ба хотири озода чун кашем ?

Дар фикри осмон ва заминем рӯзу шаб

Бо ин ғубори вдўд , нафаси сода чун кашем ?

Мо хӯни зи дасти ёр ба сад ноз хӯрда ем

Аз дасти дигарон қадаҳи бода чун кашем ?

Дарёу мавҷи ташнаи омезиши ҳманд

Аз ишқи домани дили озода чун кашем ?

Тӯфон ба бодбон нанаҳуфтааст ҳеҷ кас

Бар рӯй шед , пардаи саҷҷода чун кашем ?

Мо раҳ ба хат бе қалами ёр барда ем

Миннати зи ҳарфҳои қалами зода чун кашем ?

Фармон қатл нест чу парвонаи мурод

Мо нози нўхтони зи рухи сода чун кашем ?

Соиби биҳишти ҷои хасу хор хушк нест

Зӯҳҳодро ба анҷумани бода чун кашем ?