Бе обрӯи ҳаёти абади заҳр қотил аст

Мо обрӯ ба чашмаи ҳайвон наме диҳем

Ҳар чанд дасти мо чу ҳубоб аз гуҳар тиҳӣ аст

Мо ин садаф ба гавҳари ғалатон наме диҳем

Аз муфлисии кифояти мо чун даҳ хароб

Ин бас ки боҷу харҷ ба султон наме диҳем

Урён танӣаст ҷомаи эҳроми шавқи мо

Доман ба дасти хори муғелон наме диҳем

Юсуф ба сими қалби фурӯшӣ на кори мост

Аз даст , нақди вақти худ осон наме диҳем

Бошад сабктар аз ҳамаи айёми дарди мо

Рӯзӣ ки дарди сар ба табибон наме диҳем

Бе пардаи айбҳои худ изҳор ме кунем

Фурсат ба ъибҷўиии ёрон наме диҳем

Ҷузви тани гудохта мо наме шавад

Аз ризқи хеш ҳар чаҳ ба меҳмон наме диҳем

Дар корвони мо ҷараси қол ва қил нест

Роҳи сухан ба ҳарза дароён наме диҳем

Дар базми аҳли ҳоли лаб аз ҳарф баста ем

Ҷоми тиҳӣ ба бода прессатон наме диҳем

Соиби гуҳар ба санг задан бебасиратӣ аст

Арзи сухан ба мардуми нодон наме диҳем

Мо кунҷи дил ба равзаи ризвон наме диҳем

Ин гӯшаро ба малики сулаймон наме диҳем

Хоки муроди мости дили хоксори мо

Тсдиъи остони бузургон наме диҳем