Ҳар чанд з пероҳан баҳраст кулоҳам
Монанди ҳубобаст назари пардаи оҳам
Дар парда бахтаст ниҳони равшании ман
Чун барқи гирифтори дарин абри сиёҳам
Афтодатар аз қатраи санҷидаи ашкам
Печидатар аз мисраи барҷастаи оҳам
Ҳар тори ман аз нури яқини мад нигоҳӣ аст
То ҳамчуи каттони рехти зи ҳам партави моҳам
Чашми карам аз абр тршрўӣ надорам
Муштоқи шукри ханда барқаст гиёҳам
Чун барқи сбксир , шавад болу пари ман
Резанд агар хори ҷаҳон бар сари роҳам
Ғофил ки фузун мешавад оби гуҳари ман
Ихвони сияҳи дил ки фиканданд ба чоҳам
Чандон ки дарин бодия чун чашм паридам
Ҳосил нашуд азхрмни ду нони пркоҳм
Чун сарв ба як мисраи мавзун ки расонадам
Аз барг фузунаст дарин боғи гуноҳам
Аз миннати хушки чамани орои ҷигарами сӯхт
Ҳар чанд зи болу пари худ буд паноҳам
Аз бас ки ънондорӣ андеша накардам
Чун зулфи парешон ба ҳам афтод сипоҳам
Зон рӯз ки соиб шудам ошуфтаи он зулф
Печидатар аз ришта оҳаст нигоҳам