Мо чошнии бӯсаи зи дашноми гирифтем
Файзи шукр аз талхии бодоми гирифтем
Дил соф намудем ба неку бади айём
Файзи дами субҳ аз нафаси шоми гирифтем
Нокомии ҷовид чу дар коми ҷаҳон буд
Аз коми ҷаҳони даст ба нокоми гирифтем
Дар раҳгузари сайли фанои хоб ҳаром аст
Рафтем бурун аз фалаки ороми гирифтем
Бар конгресс арш зарураст камандӣ
Чун шонаи сари зулфи длороми гирифтем
Рафтем азин қулзуми хунин ба канорӣ
Зини маъракаи худро ба лаби боми гирифтем
Дидем ки паргори фалак дар каф мо нест
Чун нуқтаи дарин доираи ороми гирифтем
Зӯҳҳод гирифтанд раҳи гулшани фирдавс
Мо гардани миноу лаби ҷоми гирифтем
Кардем дили сангдилонро ба сухани нарм
Аз реги равони равғани бодоми гирифтем
Дар даст фалохан накунад санги иқомат
Мо зери фалаки баҳр чаҳ ороми гирифтем ?
Соиби зи сари мива фирдавс гузаштем
То бӯсаи талх аз даҳани ҷоми гирифтем