Мо замзамаи ишқ ба бозор фикандем

Мо шӯри дарин қулзум зхор фикандем

Тоси фалак аз замзамаи ишқи тиҳӣ буд

Мо ғулғула дар гунбад даввор фикандем

Чун шона раседем ба сдзхми намоён

То даст дар он турра таррор фикандем

Баси чашмаи хӯн каз лаби афсӯси кушояд

Ин парда ки аз чеҳра асрор фикандем

Рангинии мо меҳри лаб ҷавҳарён шуд

Оташ ба дами сард харидор фикандем

Ойӣнаи бенаии мо айби намо буд

Бар чеҳраи худ парда зангор фикандем

Бастем лаб аз ҳарфи ҳақ аз бими ҳасудон

Худро абас аз тоқи дил дор фикандем

Ойӣнаи мо сайр нигарадед зи дидор

Чандон ки назар бар рух дилдор фикандем

Бори дили мо буд ҳамон даврии манзил

Дар манзили мақсӯд агар бор фикандем

Дар базм бузургон натавон кард гаронӣ

Дар пои хам май сар ва дастор фикандем

Соиб чаҳ қадари серума тавфиқ кашидем

Каз пеши назари парда пиндор фикандем