Азон кушодаи ҷабини ҷоми пар шароб гирифтам

Аҷаби ҳилоли тамомии з офтоб гирифтам

Ба хоби домани он зулф беҳиҷоб гирифтам

Аннани давлати бедорро ба хоб гирифтам

Ба чашми бандии шарму ҳиҷоби ишқ чаҳ созам ?

Гирифтам ин ки зи рухсор ӯ ниқоб гирифтам

Нашуд зи давлати бедори ризқи аҳли саодат

Таматтуъӣ ки азон чашм нимхўоб гирифтам

Ба ман чигуна расад печу тоби мӯӣ дар оташ ?

Ки ман зи мӯии миёни машқи печ ва тоб гирифтам

зи гиряи оқибати кор гул фитод ба чашмам

зи гул гулоб кашидам , гул аз гулоб гирифтам

Ба набзи чашма ҳайвон расед дасти умедам

Агар зи сидқи талаби доман сароб гирифтам

Нашуд чу тири хато , офарини насиби ғизолам

ЗноФаҳ гарчи заминро ба машк ноб гирифтам

Ба рӯй ман дар умед ҳар ки басти зи мардум

Ман аз гушоиши тавфиқи фатҳ боб гирифтам

Гузидани лаби афсӯс буд нақли шаробам

зи даст ҳар ки дарин анҷуман шароб гирифтам

Ба норасои ман раҳрави ин бисот надорад

Фитод пеши змн , ҳар киро ба хоб гирифтам

Ҳазор ғӯта задам чун садаф ба баҳри хиҷолат

Ба як ду қатра ки ман соиб аз саҳоб гирифтам