Бо он ки ман надорам корӣ ба кори мардум

Доими кашами кудурат аз раҳгузори мардум

Дунбол халқ гардад худро касе ки гум кард

Худро биёб ва бигузар аз интизори мардум

Умедвории халқи унвони но умедӣ аст

Зинҳор то набошӣ умедвори мардум

Аз миннати оби ҳайвони теғ бараҳна гардад

Лабтар мсози зинҳор аз ҷӯйбори мардум

Бунёди эиътибороти по дар рикоб бошад

Магузор дили зи хомӣ бар фахри въори мардум

Дар зери теғи доим хӯн мехӯрд зи хиҷлат

Ҳар кас ба барг сабзӣ шуд шармсори мардум

Дар чашми ъибҷўёни зулмат ҳамеша фарш аст

зи ойӣна пушт бинад ойӣнаи дори мардум

Аз сайри лолау гули хотир наме кушояд

Аз мардумаст соиби боғу баҳори мардум