Дар сухан бар наёяд овозам

Нест андешае зи ғаммозам

Дар кмонхонаҳи фалак чун тир

Ба пар орӣааст парвозам

Нест нохун ба дили занӣ ҳар ҷо

Бенавотар зи риштаи созам

Он заъифам ки мешавад чун чашм

Пари коҳии ҳиҷоби парвозам

Чун шавад бо ту сози суҳбати ман ?

Ту буруни соз ва ман даруни созам

Нест мумкини марои ниҳон кардан

Парда дар ҳамчуи гавҳари розам

Гарчи дар гӯшмол умрам рафт

Нашуд оҳанг , бахти носозм

намерасад ҳамчуи сарв аз озодӣ

Аз замин то ба осмони нозам

Он сапандам ки дар ҳарими адаб

Нашунидааст оташи овозам

Дилӣ аз нола мекунам холӣ

Гар буд ҳамчу ноӣ дмсозм

Чаҳ кндбҳру кон ба ҳиммати ман ?

Косаи ошому кӣсаи пардозам

Чун ҷарас , мондагони қофила ро

Май расонад ба манзили овозам

Дар қафаси бас ки мондаам соиб

Рафта аз ёди завқи парвозам