Тӯҳфаи тавр шарорӣ дорем

Назри ойӣна ғуборӣ дорем

Гарчи дар даст надорем гулӣ

Дар ҷигари бута хорӣ дорем

Гӯи хазони саҳни чамани поки брўб

Чун қадаҳи лола изорӣ дорем

Нави хаттӣ дар дили мо ҷо дорад

Мусҳафи хат ғуборӣ дорем

СоФдл бо ҳама офоқем

Дили хуршед шиорӣ дорем

Гарчи дар хирмани мо коҳӣ нест

Нафаси барқ саворӣ дорем

Теғи лаби ташна ба хӯнгар дорӣ

Ҷони муштоқ нисорӣ дорем

Шукри зоҳир буд аз шикваи мо

Гилаи шукр гузорӣ дорем

Оҳ каз оинаи рӯйони ҷаҳон

Ҳамчуи симоб қарорӣ дорем

Гули хамёзаи мо рангин аст

Чашм бар лола изорӣ дорем

Дили гирдоб буд соҳили мо

Мо на чун мавҷ канорӣ дорем

Хоксорем змо чашм мапуаш

Дар хури чашм ғуборӣ дорем