Дидан беҳосилон бар осмон бошад гарон

Нахлҳои бесамар бар боғбон бошад гарон

Мо сбкрўҳон ба умеди шаҳодат зинда ем

Пеши мо зикри ҳаёт ҷовдон бошад гарон

Ҳар ду олам чист то натавон баҳои ишқ дод ?

Қимати Юсуф чаро бар корвон бошад гарон ?

Ҳар сари мӯӣ маро оварад дар фарёди дард

Мизбон гардад сабк , чун миҳмон бошад гарон

Бе ҳавои ишқ , сар бар киштӣ ҷисмаст бор

Кор лангар мекунад чун бодбон бошад гарон

Ташнаи хӯни ҳўснокон буд ишқи ғаюр

Миҳмон беадаб бар мизбон бошад гарон

Шиква аз санг маломат нест маҷнӯни маро

Бар дили махмур кӣ ратл гарон бошад гарон ?

Суҳбат бедард агар як лаҳза бошад саҳл нест

Дард агар чаҳ зарра Эй бошад ҳамон бошад гарон

Пеши аҳли дили сухан аз олам фонӣ магӯ

Дар баҳорони ҷилваи барг хазон бошад гарон

Ҳеҷ нақшӣ бар дили равшани замирон бор нест

Мавҷ ҳайҳотаст бар об равон бошад гарон

Хушки мағзонро димоғи давлат ва иқбол нест

Сояи боли ҳумо бар устихон бошад гарон

Ёди ман соиб чаҳ бо он хотир нозук кунад

Саҷдаам ҷое ки бар он остон бошад гарон