Хокро домони пар зар мекунад фасли хазон

Бодҳоро кӣмёгар мекунад фасли хазон

Шохсоронро ба ранги авд барме оварад

Баргҳоро сандал тар мекунад фасли хазон

Тӯтӣони сабзпуши олами эҷод ро

Ҳалаи тоўс дар бар мекунад фасли хазон

Аз рухи заррин , бисоти хокро дар як нафас

Осмони пари з ахтар мекунад фасли хазон

Май пурд чун номаи аъмол , барг аз шохсор

Боғро саҳроӣ маҳшар мекунад фасли хазон

Рутбаи резиш буд болотар аз андӯхтан

Аз баҳорони ҷилва хуштар мекунад фасли хазон

Баргро чун миваҳои пухта май резад ба хок

Пой хоб олудро пар мекунад фасли хазон

Бӯса бар дасташ , ки аз нақш ванигор длФриб

Баргҳоро даст дилбар мекунад фасли хазон

Гарчи аз дасти зари афшонаши замин кон тиллост

Хирқаи сад пора дар бар мекунад фасли хазон

Аз рух чун заъфарон , чини ҷабини хок ро

Хандаи рӯ чун сикка зар мекунад фасли хазон

Дар куҳансолии айёри фикрҳо рўшнтрст

Обҳоро пок гавҳар мекунад фасли хазон

Шавқи оташро ҳавои сард , домон сабост

Рағбат майро фузунтар мекунад фасли хазон

намекунад аз пайкари бустони либоси орият

Барги пӯшонро қаландар мекунад фасли хазон

Бар умеди хати покӣ аз ҷаҳони рангу бӯ

Ҳар чаҳ дорад харҷ дафтар мекунад фасли хазон

намезанад бтхонаҳи гулзорро бар икдгр

Кори иброҳӣм озр мекунад фасли хазон

Баргҳоро мекунад дар каф задан бе ихтиёр

Чун самоъи бихўдӣ сар мекунад фасли хазон

Гар чунин аз оҳи сард оташ занад дар бӯстон

Андалебонро самандар мекунад фасли хазон

Аз бароти айш , соиби домони офоқ ро

Бо парешоне тавонгар мекунад фасли хазон