Бода гулгун намеояд ба кори ошиқон
Аз лаб мегаван худ башикан хумори ошиқон
Шуълаи натавонади либоси рангро тағйир дод
Чун баради зардии бурун май аз изори ошиқон ?
Хонаи танро ба хоки тира яксон карда анд
Даст холӣ меравад сайл аз диёри ошиқон
Мардуми кӯтаҳи назар дар интизор маҳшаранд
Нақди худро нася кардан нест кори ошиқон
Кӯҳ тавраст он ки меояд з ҳар партав ба рақс
Нест санг кам ба мизони виқори ошиқон
Субҳи маҳшарро намакдон дар гиребони бишиканад
Шӯриши мағзи парешони рӯзгори ошиқон
Дар дил ҳар нуқтаи доғии савод аъзамӣ аст
Тунд магзар ин чунин аз лолаи зори ошиқон
Сода аз кӯҳи гронҷонӣ буд саҳрои ишқ
Нақди ҷон дар остин дорад шарори ошиқон
Ҳар ки худро бохт ӣнҷо мезанад нақши мурод
Покбозст аз пушаймонии қимори ошиқон
Дар саропои вуҷӯдами заррае беишқ нест
Маҳмил Лайлӣаст ҳар каф аз ғубори ошиқон
Офтоб аз дидаи шабнам наме пӯшади изор
Рух мапуаш аз дидаи шаби зиндаи дори ошиқон
Неши алмоси ҳаводис бо камоли саркашӣ
Хоб махмал мешавад дар раҳгузори ошиқон
Хори саҳрои адабро даст домангир нест
Зинҳор эй гули макаши домани зи хори ошиқон
Домани барқи таҷаллии хор натавонад гирифт
Даст кӯтаҳ кун зи набз бе қарори ошиқон
Хоки бидрдон ба шамъ дигарон дорад назар
Оташ аз худ медиҳад беруни мазори ошиқон
Ҳар ки медонад шумори доғҳои хеш ро
Нест рӯзи ҳашари соиб дар шумори ошиқон