Аз Рахш хоҳанд ҷои бӯсаи ноФҳмидгон

Дар ҳарами миҳроб май ҷӯянди ин нодидагон

Шавқро афсурда месозад висоли доимӣ

намебаранд аз васли лиззат беш ҳиҷрони дидагон

намешаванд аз содагӣ дар бутаи хиҷлати гулоб

Чун гул бедард дар боғи ҷаҳони хандидагон

Айби дунёро наме бенанд бо сад чашми халқ

Гарчи бепардааст дар чашми нзрпўшидгон

Нестанд аз рӯй мизони қиёмати мунфаил

Бо ду чашми оқибати байни хешро санҷидагон

Дар шабистони лаҳади хоб фароғат ме кунанд

Дар дили шабҳо зи бедорӣ ба худ печидагон

Ҳар ки дастори тааюн аз сари худ во накард

Дар сафи мардон буд камтари зи сари пӯшидагон

намешаванд аз лоғарӣ дар ҳафтае по дар рикоб

Аз фурӯғи орият чун моҳи нўболидгон

Чун гул раъност майро зрдрўиӣ дар қафо

Сурх рӯ бошанд доими хӯни дили нӯшидагон

Қадари дарвешӣ касе донад ки шоҳӣ карда аст

Роҳат соҳил шавад зоҳир ба тӯфони дидагон

Аз хамӯшиҳои аҳли фаҳм дар таҳсини шеър

Май хулди афзӯн ба дили таҳсини ноФҳмидгон

Бо камол бебарӣ бошанд соиби тозаи рӯ

Дар гулистони ҷаҳон чун сарви домани чидагон