Машк шуд хӯн дар вуҷӯди оҳӯони мо ҳамчунон

Санги хоро лаъл шуд дар сулби кони мо ҳамчунон

Роҳ бо хобидагии домони манзилро гирифт

Бар замини часбида чун санги нишони мо ҳамчунон

Тухми қоруни сар бурун оварад аз мағзи замин

Чун шарар дар синаи хорои ниҳони мо ҳамчунон

Сабзаи хобидаи зери санги қомат рост кард

Ҳамчуи махмали бистари хоби гарони мо ҳамчунон

Байзаи фӯлодро ҷавҳар ба якдигари шикаст

Аз гронҷонии гиреҳ дар ошёни мо ҳамчунон

Кунад сайлоби ҳаводиси решаи кӯҳ аз замин

Барнаме дорем дили зини хокдони мо ҳамчунон

Тири пои оҳанӣн дар доман азлат кашид

Дар кашокаш бо қад ҳамчун камони мо ҳамчунон

Шуд Сикандарро зи васли об , худ бинии ҳиҷоб

Ташнаи ойӣна чун оби равони мо ҳамчунон

Суда шуд зи алвони неъмат гарчи дандонҳо тамом

Хӯни худро мехӯрем аз фикри нони мо ҳамчунон

Маҳв дар хуршед шуд шабнами зи гул то чашми баст

Барнаме дорем чашм аз глрхони мо ҳамчунон

Рӯй моҳи Миср нилӣ шуд зи ихвони замон

Рӯй дил ҷӯйем аз ихвони замони мо ҳамчунон

Офтоб умр омад бар лаби боми завол

Дар саранҷоми сафои хонимони мо ҳамчунон

Гашт аз мағзи қалами фарбеҳи тиҳӣгоҳи сегон

Чун ҳумои муҳтоҷи муштии устихони мо ҳамчунон

Шамъ аз оташ забонӣ дод соиби сар ба бод

Дар мақоми лофи сар то пои забони мо ҳамчунон