Курсӣ дораст авҷи эътибори ин ҷаҳон

Дил манеҳ бар давлати нопойдори ин ҷаҳон

Бо гирифтан гарчи дорад ҷанги истиғнои фақр

Гӯшае гир аз муҳӣт бе канори ин ҷаҳон

Баргу бор ӯ кафи афсӯсу бори дил буд

Дил манеҳ чун ғофилон бар баргу бори ин ҷаҳон

Пеши чашми шабнами равшани гуҳари як коса аст

Чун гули раънои хазону навбаҳори ин ҷаҳон

Риштаи ашки надомат , мади оҳ ҳасрат аст

Пеши чашми мӯи шикофони пуду тори ин ҷаҳон

То нагирад доманатро хӯни чандин бе гуноҳ

Срсрӣ бигузар чу бод аз лолаи зори ин ҷаҳон

Ханда барқӣаст каз абри сияҳ зоҳир шавад

Шодии по дар рикоби навбаҳори ин ҷаҳон

Партави хуршедро дар дом равзан ме кашад

Ҳар ки соиби дил наад бар эътибори ин ҷаҳон