Аввали мо нестӣу охири мо нестӣ аст

Ҳастӣ по дар рикоби мости хобӣ дар миён

Даст аз дунёу моФиҳо ба ҷуз мешаста ем

Дар миёни мо ва зӯҳҳодаст обӣ дар миён

Ҳолати пӯшидаи аҳбоб дар базми ҳузур

намешавад зоҳир чу меояд китобӣ дар миён

Аз сабаб магзар ки пар гавҳар намегардад садаф

Аз карам то пой нагузорад саҳобй дар миён

Ҳар ки баст аз гуфтугӯи лаб , нест бе кайфиятӣ

Кӯза сарбаста медорад шаробӣ дар миён

Пӯст зиндонаст бар ҳар кас ки дорад ҷавҳарӣ

Теғ ҷавҳардор дорад печу тобӣ дар миён

Пеши аҳли ҳоли соиби маҳшари омода Эй аст

Ҳар куҷо бошад саволӣу ҷавобӣ дар миён

Чун садаф дорад хамаш дар хўшобӣ дар миён

Ғунчаи ншФктаҳро бошад гулобӣ дар миён

Зуд бар ҳам мехӯрд ҳангомаи ҳасану ишқ ро

Гар набошад пардаи шарму ҳиҷобӣ дар миён

Барнамеи орад нафас нашимурда чун субҳ аз ҷигар

Ҳар ки медонад буд пои ҳисобӣ дар миён

Ҳаст дар мӯии камар танҳо батонро печу тоб

Ҳар сари мӯӣ ту дорад печу тобӣ дар миён

Нест дар ваҳдати сарои офариниши зарра Эй

Каз фурӯғ ӯ надорад офтобӣ дар миён

Аз ҳавои гавҳари яктои он баҳри муҳӣт

Ҷинат дарбаста дорад ҳар ҳубобӣ дар миён

Дидаи равшандилон бепарда мебинад лақо

Ҳаст агар дар чашми зоҳирбини ниқобӣ дар миён

Дар ҳақиқат мӯ намегунҷад миёни ҳасану ишқ

Гарчи дар зоҳир буд нозу итобӣ дар миён

Дӯстон аз бе димоғии хӯни ҳамро ме хуранд

Нест дар базмӣ ки минои шаробӣ дар миён

Гар азизони лаълу гавҳари қимат Юсуф диҳанд

Пеши арбоб басират дорад обӣ дар миён