Ошиқ содиқ наяндешад зи оташ тохтан
Зари холисро муҳобо нест аз бгдохтн
Рӯзгориро ки кардам сарфи тасхир батон
наметавонистам ду оламро мусаххари сохтан
Обрӯеро ки кардам сарфи ин бе ҳосилон
Асияе метавонистам ба давр андохтан
Ранг яктое нагирад ришта чун ҳамтоб нест
Созгорӣ нест бо носозгорони сохтан
Он ки кори саҳли моро дар гиреҳ андохта аст
наметавонад кори оламро ба абрӯи сохтан
Саракашонро меҳрбони хеш кардан машк аст
Саҳл бошад осмонро бар замин андохтан
Аз биҳишти адани соиб сулҳ кун бо васли ёр
Бар умеди насяи нақд умр натавон бохтан