Чист ҷон то зери теғ ёр натавон бохтан ?
Саҳл бошад пеши оби зиндагии ҷон бохтан
Қатраро гавҳар , гуҳарро баҳри Аммон кардан аст
Сар чу шабнам дар раҳи хуршеди тобон бохтан
Дар шабистонӣ ки ашки шамъи об зиндагӣ аст
Нест бар парвонаи мушкили хурдаи ҷон бохтан
Пеши теғӣ каз ранг ҷонаст зулфи ҷавҳараш
Чист ин астодгӣ дар хурдаи ҷон бохтан ?
Худнамое чист то аз бихўдӣ ғофил шаванд ?
Баҳри ин ойӣна натавон оби ҳайвон бохтан
Фориғаст аз серумаи абри сияҳи овози раъд
Ишқро дар парда номӯс натавон бохтан
Сабз кун чун мӯр дар малики қаноати гӯша Эй
То шавад осони турои малики сулаймон бохтан
Хӯни раҳмат дар дили абри баҳори орад ба ҷӯш
Бар умеди насяи нақди худ чу деҳқон бохтан
Бо камоли илм , мулзами гаштан аз нодон хуш аст
Ин қимори бардаро шартаст осон бохтан
Дили зи шабнам май барад хоҳӣ нахоҳӣ офтоб
Ихтиёрӣ нест ошиқро дилу ҷон бохтан
Зуди сарро гӯии чавгон маломат ме кунад
Бо қад хам гашта бо атфоли чавгон бохтан
Дорам ин як чашмаи кор аз пери канъони ёдгор
Чашмро аз гиря дар роҳи азизон бохтан
Соиб аз авзоъи олами дида бениш бапуш
Чанд умри хеш дар хоби парешон бохтан ?