Чанд чун хомони назар бар моҳтоб андохтан ?

То кӣ ин мушти намак дар чашми хоб андохтан ?

Гарчи аз ман хомтар сайдӣ надорад кӯии ишқ

наме тавон дар синаи гармами кабоб андохтан

Бас ки аз хоби парешони чашм ман тарсида аст

Чашм натавонам ба чашми нимхўоб андохтан

Гар наяндозад , ситам бар навбаҳор худ кунад

Дар хазон ҳар кас ки битавонад шароб андохтан

Дар миёни дилбарон аз чашми пари кор ту монад

Дили зи мардуми бурдан ва худро ба хоб андохтан

Қатраи ночизро дарёии гавҳар кардан аст

Сар чу шабнам дар канори офтоб андохтан

Ъушрати даҳ рӯзаро айши мухиллад кардан аст

Меҳри гул аз даври бинӣ бар гулоб андохтан

Пеши ман хуштар буд аз миннати оби ҳаёт

Ташнаи лаби худро ба дарёии сароб андохтан

Дона дар саҳрои пари оташи парешон кардан аст

Дар замини шӯр , гавҳар чун саҳоб андохтан

Қалб рӯйандӯд худро сими холис кардан аст

Нур бар оби равон чун моҳтоб андохтан

Ба ки соиб бар надорад чашм аз рухсори моҳ

Ҳар ки натавонади назар бар офтоб андохтан