Хат намесозад маро зон лаъли ҷонпарвар ҷудо
Ташна кӣ гардад ба теғи мавҷ аз кавсари ҷудо ?
Сабзаи хат , лаъли сероби туро беоб кард
Обро ҳарчанд натавон кард аз гавҳари ҷудо
Аз дили хўнгрми мо пайкон кашӣдан мушкил аст
Чун тавон кардан ду икдлро зи якдигари ҷудо
намекунад рӯзи сияҳи бегонаи ёронро зи ҳам
Хизр дар зулмот мегардад зи Искандари ҷудо
То насузад орзӯ дар дил нагардад синаи соф
Занг аз ойӣна мегардад ба хокистари ҷудо
Зиндагиро беҳаловат мекунад мӯии сифед
Шер дар як коса ӣнҷо бошад аз шукри ҷудо
Чораи ман марҳами кофурӣ субҳасту бас
Ман ки дорам бар ҷигари доғии з ҳар ахтари ҷудо
Меҳри зари ҳам аз дил днёпрстон ме равад
Сикта мегардад ба зӯри даст агар аз зари ҷудо
Баҳра аз омезиш некон надорад бад ки ҳаст
Дар миёни ҷамъ , фарди ботил аз дафтари ҷудо
Бар наёрад касрати мардуми зи танҳои маро
Дар миёни лашкарам чун роят аз лашкари ҷудо
Баъди умригар бар орми сари зи кунҷи ошён
намешавад теғи ду дам дар куштанам ҳар пари ҷудо
Гӯии чавгон ҳаводис гардад аз бе лангарӣ
Аз сари зонуии фикри онро ки бошад сари ҷудо
Оташӣ аз шавқ ҳар касро ки бошад зери по
Чун сапанд аз нола Эй гардад аз ин миҷмари ҷудо
Қатра дар андешаи дарё чу бошад , айн ӯст
Нест маскани дил ба даврӣ гардад аз дилбари ҷудо
Ҳоли дили давр аз ақиқи оташин ӯ мапурс
Ин кабобтар ба хӯн дил шуд аз ахгари ҷудо
Решаи ғам бар наёвард аз дилами ҷоми шароб
Сайқал аз ойӣнаи соиб чун кунад ҷавҳари ҷудо ?