Чун садаф то чанд пеши абри даст афроштан ?

Ашки ҳасратро фурӯ хӯрдан , гуҳар пиндоштан

Чанд пеши субҳи бурдани обрӯии ашку оҳ ?

Дар замини шӯр то кӣ тухми райҳон коштан ?

Хаймаи беруни зан з ҳастӣ , то туоне чун ҳубоб

Дар таҳи як перҳан бо баҳри суҳбати доштан

Тухми ранҷиш дар замини дӯстӣ Пошидан аст

Шикваи аҳбобро пӯшида дар дили доштан

То камони осмон дар зиҳ буд тақдир ро

Аз тиҳӣ мағзӣаст гардан чун ҳадаф афроштан

Соиб аз хоки адами шукр агар ҳосил шавад

Аз лаби ҷонони таматтуъ метавон бардоштан