Пеши аҳли дили адаби манзур бояд доштан

Бо камоли қурби худро давр бояд доштан

Сар набояд тофтан аз гуфтугӯии ҳақ ба теғ

Поси ҳарфи хеш чун Мансур бояд доштан

Чашми шӯр аз неъмати фирдавси лиззат май барад

Дарду доғи ишқро мастур бояд доштан

Гиря кардани пеш бедардон надорад ҳосилӣ

Тухмро пос аз замини шӯр бояд доштан

То ба ширинии сроиди рӯзгори зиндагӣ

Нафасро қонеъ ба талху шӯр бояд доштан

Барнаме ояд дили нозук ба истилои ишқ

Шишаро пос аз май пари зӯр бояд доштан

Дар чунин аҳдӣ ки аз равшандилон осор нест

Дар бағали ойӣнаро мастур бояд доштан

Аз фурӯғ ҳар шарорӣ сӯхтани дун ҳимматӣ аст

Шармӣ аз рӯй чароғи тавр бояд доштан

Чашм ӯ дар рӯзгори хат қиёмат ме кунад

Дар баҳорони мастро маъзӯр бояд доштан

Гар буд рӯй замин дар ҳалқаи фармони ту

Чун сулаймони дасти пеши мӯр бояд доштан

Шамъ агар соиби салои гирд сргштн диҳад

Хотири парвонаро манзур бояд доштан