Чанд чун тоўс бошӣ маҳви боли хештан ?

Зери пой худ набинӣ аз ҷамоли хештан

Кам мабош аз мурғи бсмл дар шаҳодатгоҳи ишқ

Май зи хӯн худ куну мутриби зи боли хештан

Чун ма аз нуқсони дили худро махӯр , хуршед бош

То зи ҳол худ нагардӣ дар заволи хештан

Матлаб рӯй замин дар зери домон шаб аст

Ҷуз бар ин доман мазан дасти саволи хештан

Бистару болини ман аз соя бол ҳумост

То сари худро кашидам зери боли хештан

Умри худро кам ба умед фузӯнӣ ме кунанд

Содаи лавҳоне ки медузданд соли хештан

Бо дили афкани гуфтугӯии дӯстиро аз забон

Дар самар пӯшида кун барги ниҳоли хештан

Тарҷумони гавҳари шодоб , об ӯ бас аст

Лаб багаз соиби зи изҳори камоли хештан