Дар лаби ҷонпарвар ҷонон намемонад сухан

Дар ҳиҷоби ғайби ҳам пинҳон намемонад сухан

Нест монеъи сарвро занҷири об аз саркашӣ

Чун баланд афтод , дар девон намемонад сухан

Зинда ҷовид месозад суханварро чу Хизр

Дар асар аз чашма ҳайвон намемонад сухан

Дар гиреҳ аз нофа натавон басти буии машк ро

Чун буд рангин , чу хӯн пинҳон намемонад сухан

Дида сӯрат прессатон гар шавад маънии шинос

Дар қумош аз Юсуф канъон намемонад сухан

Фаҳм дар ғӯри сухани кӯтаҳи нафас афтода аст

Варна аз дарёӣ бепоён намемонад сухан

Хӯн чу гардад машк , аз помоли гаштан эмин аст

Пок чун гардид аз ҷавлон намемонад сухан

Бар сар инсоф меояд фалак бо моҳи Миср

Беш азин дар чоҳ ва дар зиндон намемонад сухан

намешавад чун моҳи оламгири нури ин чароғ

То қиёмат дар таҳ домон намемонад сухан

Чун ҳадафи собит қадам шуд тир кам гардад хато

Мустамеъгар дил диҳад , ҳайрон намемонад сухан

Бо суханвари кор исо мекунад дарди сухан

Ҳаст агар ин дард , бедармон намемонад сухан

Ҳаст бар боди нафаси фармон ӯ соиби равон

Аз сулаймон дар шиква ва шан намемонад сухан