намешавад нақли маҷолис чун шавад ширини сухан
Ҳамчуи хӯн пинҳон намемонад чу шуд рангини сухан
Аз таъаммул мешавад шоистаи таҳсини сухан
Печу тоб фикр созад ғунчаро рангини сухан
Ҳар киро он ғамзаи хўнриз дар дил бугзарад
То қиёмат метаровад аз лабаши хунини сухан
Сабзаи наврас чисон ояд бурун аз зери санг ?
Аз лаби лаълаш бурун ояд ба он тамкини сухан
Тӯтӣонро занг хоҳад баст дар минқори ҳарф
Хор гардад дар назарҳогар ба ин ойини сухан
Оҳӯии чини коса дарюза созад ноф ро
Гар зи зулфу кокул ӯ бугзарад дар чини сухан
Бо камоли тира рӯзӣ мешавад олам фурӯз
Оҳ агар медошт шамъӣ бар сари болини сухан
Кӯтаҳ андешӣаст майли чашми бенаии маро
Варна дорад дар гиреҳ ҳар нуқтае чандини сухан
Талхии айёмро соиби шукр дар чошнӣ аст
Тифл чун аз шер лаб шавед , шавад ширини сухан