Марди ғавғои нестии сарвар наме бояд шудан
Тоби дардисари надории сар наме бояд шудан
Мӯри азин тадбир бар дасти сулаймон бӯса зад
Ғофил аз андешаи лашкар наме бояд шудан
Гӯш сангин мешавад лавҳи мазори боғбон
Мива то дар боғи дории кар наме бояд шудан
Кафи з бемағзӣ саросар меравад бар рӯй баҳр
Марди зиндони нестии гавҳар наме бояд шудан
Теғи мавҷ аз санг хоро мешавад дандонаи вор
зи изтироби баҳр белангар наме бояд шудан
Хусравонро адл мебахшад ҳаёти ҷовдон
Дар сиёҳии ҳамчуи Искандар наме бояд шудан
Подшоҳ аз кишвар бегона медорад хатар
Як қадам аз ҳади худ бартар наме бояд шудан
Ғӯта дар дарёӣ оташ мезанад шамъ аз забон
Чун тиҳии мағзони забоновар наме бояд шудан
Нест зери сақфи гардуни ҷои орому қарор
Чун сапанди осӯда дар миҷмар наме бояд шудан
Зулмати зотӣ буд беҳтари зи нури оризӣ
Ҳамчуи моҳ аз офтоби анвар наме бояд шудан
Доман аз дасти ҳавои нафас мебояд гирифт
Ҳамчуи хаси бозичаи сарсар наме бояд шудан
Манзили наздикро таъҷил месозад дароз
Ҳамсафар бо ҳеҷ белангар наме бояд шудан
Ҳосили дасти тиҳӣ , зи афсӯс бар ҳам судан аст
Ошиқ симин барон безар наме бояд шудан
Нашиканигар хешро борӣ худороӣ макун
Бути шикангар нестии бутгар наме бояд шудан
Афсари озодагон аз малики сар печидан аст
Зери бори миннати афсар наме бояд шудан
Лоғарии оҳӯии ваҳширо дуоӣ ҷавшан аст
Аз ғами фарбеҳ шудани лоғар наме бояд шудан
Бӯсае соиби зи лаъли ёр май бояд рабӯд
Ташна аз сарчашмаи кавсар наме бояд шудан