Бекашиш натавон бурун аз қайди дунё омадан

Берасан аз чоҳ ҳайҳотаст боло омадан

Бе каманди ҷазбаи хуршеди ъолмтоби ишқ

Чун тавонад шабнам аз пастӣ ба боло омадан

Исо аз гирди алойиқ соф шуд бар чарх рафт

Нест мумкини дардро аз хам ба мино омадан

Чашми бад бисёр дорад худнамое дар камӣн

Чун шарар берун намеёбад зи хоро омадан

Ҳеҷ кор аз теғ накушояд дар оғӯши ниёам

Аз саводи шаҳр май бояд ба саҳро омадан

Ҳар гунаҳи узрӣ ва ҳар тақсир дорад тавба Эй

Нест ғайр аз зуд рафтани узри биҷо омадан

То нигаҳбони ту шарму монеъи ман даҳшат аст

Ҳеҷ фарқӣ нест аз ноомадан то омадан

Бода беоб , дар хӯн мекашад бемор ро

Пеши ошиқ аз мурувват нест танҳо омадан

Дард хӯнҳо хӯрд то дар синаи ман бор ёфт

Дар ҳарим ишқ натавон бемуҳобо омадан

Соиб аз сангини рикобӣ дар сбкбории гурез

То туоне ҳамчуи кафи беруни зи дарё омадан