Бо тавоноӣ ба аҳли фақр истиғно мазан
Оҷизонро дастгирӣ кун , ба давлат по мазан
Бо қазои осмонии чораи ҷуз таслим нест
Дар муҳӣти бекарони зинҳори даст ва по мазан
Ҷуз дар дил нест умеди кушод аз ҳеҷ дар
наме тавон бар сина зад то санг , бар дарҳо мазан
Бо қад хам нест лоиқи ҳалқа ҳар дар шудан
Зинҳор ин ҳалқаро ҷуз бар дар дилҳо мазан
То барояд аз гиребонат ба икдми офтоб
Дасти худ чун субҳи ҷуз бар доман шабҳо мазан
Гар тамаъи дорӣ ки гардад синаи ?ути кони гуҳар
Теғ агар чун кӯҳи борад бар сарат , сар во мазан
То насозӣ ҷамъи дил аз фикри зоди охират
Пушти по чун соликони хом бар дунё мазан
Аз дар пӯшида баргарданд меҳмонони ғайб
Бахя аз хоби гарон бар дида бино мазан
Олимиро аз нафас чун метуоне дод ҷон
Меҳри хомӯшӣ ба лаб дар маҳд чун исо мазан
То нагирад хӯшаи ашки надомати доманат
Даст бар ҳар шохи ҳамчуи ток бепарво мазан
Бар сияҳ чашмон магардон сурхи соиби чашми хеш
Коса дар хӯни ҷигар чун лола ҳмро мазан