Чархро хокистарӣ аз барқ савдо кард ҳасан

Нуқтаи хоки сияҳро чун сувидо кард ҳасан

Ғӯта дар хӯн шафақ зад соиди симини субҳ

То ба хўнризи асирони даст боло кард ҳасан

Кӯҳи тавриро ки бар зонуии тамкин такя дошт

Аз нигоҳи барқи ҷавлони оташин по кард ҳасан

Ғӯта дар мавҷ ҳаловат зад замину осмон

То зи шукри хандаи пинҳони гиреҳ во кард ҳасан

Май барад ҳар қатраи ашками лиззатӣ аз диданаш

Шабнами ин бӯстонро чашм бино кард ҳасан

Кӯҳро дил об шуд то лаъл ӯ сероби гашт

Ғӯта дар хӯн зад ҷаҳон то ранг пайдо кард ҳасан

Сӯрати аҳволи маҷнӯн чун бимонад дар ниқоб ?

Нақши пои ноқаро ойӣна симо кард ҳасан

Дидаро ойӣнаи дори меҳр кардан мушкил аст

Ҳайратӣ дорам ки чун худро тамошо кард ҳасан

( дид дигар нест ) моро тоби дарди интизор

Неъмати фирдавсро ӣнҷо муҳайё кард ҳасан

Тифли шӯху иззати мусҳаф , чаҳ фикр ботиласт ?

Дафтари дилро ба як соъат муҷаззо кард ҳасан

Гарчи соиби рӯзи моро тиратар аз зулфи сохт

Доғи моро офтоби олам оро кард ҳасан