Рӯз чун равшан шавад зон рӯй анвар ёд кун

Шаб чу гардад тира зон зулфи мънбр ёд кун

Субҳ бо хуршеди тобон чун шавад дасту бағал

Аз баёзи гардану рухсори дилбар ёд кун

наме тавон кардан ба одати заҳрро ширин чу қанд

Дар ҳаёт аз марги талхи худ мукаррар ёд кун

Чун ба болин сар наҳй ёдовар аз хишти лаҳад

Чун барории сари зи хоб аз субҳи маҳшар ёд кун

Пештар зон каз фаромӯшон кунад гардуни туро

Гоҳи гоҳ аз дӯстони неки маҳзар ёд кун

эй ки чун хам то ба гардан дар миёни бода Эй

Аз хморолўдгон гоҳе ба соғар ёд кун

Вақти сайри барқу борон , эй баҳори зиндагӣ

Аз даҳони хушки моу дидатар ёд кун

эй ки соғар май занӣ чун Хизр аз оби ҳаёт

Аз дили гарму лаби хушки Сикандар ёд кун

Ин ҷавоби он ғазали соиб ки мулло гуфта аст

Чун бибинӣ офтоб аз рӯй дилбар ёд кун