Баҳри маъниҳои рангини лафзро пардоз кун
Бодаи Широзро дар шиша Широз кун
Буии гул дар ғунчаи сарбастаи эмин аз сабост
Лаб бабанд аз гуфтугӯ , хӯн дар дил ғаммоз кун
Обрӯро дар ивази дарёдилон гавҳар диҳанд
Пеши абри навбаҳорон чун садафи лаб боз кун
Аз басирати тарки дунёи саҳл ва осон ме шавад
Баҳри пӯшидан , дарин ҳангомаи чашмӣ боз кун
Аз ҳавасҳо қолаби худро тиҳӣ чун сохтӣ
Бар миёни глрхон чун бҳлаҳ даст андоз кун
Зуди дилгир аз тамошои чамани хоҳӣ шудан
Дар ҳарими байзаи сомони пар парвоз кун
Роҳ бе поёни худ то кунӣ як наъраи вор
Хурдаи ҷонро сапанди шуъла овоз кун
Аз ниёзи пасти фитрати нози мардум май кашӣ
Бе ниёзии пеша худ кун , ба олам ноз кун