Саркашӣ бигзор пеши амри ҳақ таслим кун

Оташи намрудро гулзор иброҳӣм кун

Бар ту душвораст агар якҷои видоъи молу ҷон

Пештар аз рафтани ҷон , молро таслим кун

Нахли беҳтар дар замини нарм боло ме кашад

Хоксорони ҷаҳонро бештар таъзим кун

Брмдор аз саҷдаи ҳақи ҳафт узви хеш ро

Ҳамчуи мардони худои тасхири ҳафт иқлӣм кун

Ҳеҷ накушояд ба ҷузи васвос аз илми нуҷум

Чеҳраро аз ҷадвали хӯни сафҳа тақвим кун

Дар гузар аз собиту сайёр , соиби ҳамчуи барқ

Рӯй аз як қиблаи равшани ҳамчу иброҳӣм кун