Сайди дили зин беш бо мӯии миён худ макун
Кӣнаи ҷӯии ман ситам бар нотавон худ макун
Ҳар сари мӯии туро дастӣаст дар тасхири дил
Бози ин таклиф бо мӯии миён худ макун
Кор фармудани мурувват кӣ буд беморро ?
Ғорати дилҳо ба чашми нотавон худ макун
Ҳар чаҳ меояд ба дасти боди дастон , ме равад
Эътимоди дил ба зулфи длстон худ макун
Аз хаданги интиқоми оҳ мазлӯмон битарс
эй ситамгари такя бар зӯри камон худ макун
Тухми роз аз санги хоро май ҷаҳд ҳамчун шарар
Ҳеҷ касро муҳаррами рози ниҳон худ макун
Олимӣ дар раҳгузорати дил ба каф устода анд
Аз тағофули олимии дилро зиён худ макун
Дар чунин фаслӣ ки ҳар хор аз назокат чун гул аст
Хотир ( ӣ ) маҷрӯҳ аз теғи забон худ макун
Гар ҳавои сайр олам ҳаст соиб дар сарат
По ба домани каш , сафар аз остон худ макун