Домани худро кашид оҳи сарви ноз аз дасти ман

Оҳи кони оҳӯии ваҳшии ҷусти боз аз дасти ман

Аз раҳи бечорагӣ май ормаш дар доми хеш

Гар ба гардун меравад он чораи соз аз дасти ман

Аз адаб ҳар чанд кӯтоҳаст дасти ҷуръатам

Чок ҳо дорад чу гули домони ноз аз дасти ман

Сайди ман ваҳшӣаст , безаҳмат намеояд ба даст

Сад алиф бар сина дорад шоҳбоз аз дасти ман

Аз ғубори хотирами ойӣнаҳо дарбаста шуд

Санг бар дил мезанад ойӣнаи соз аз дасти ман

Гиряи шодии маро аз васл ӯ маҳрӯм кард

Баради васвоси вузӯи вақти намоз аз дасти ман

Бас ки печидам ба фикри зулф , соиби рӯзу шаб

Бар ҷунун зад хомаи маънии тароз аз дасти ман