Чун занад мавҷи ҳаловати калаки шукри бори ман
Писта хандон шавад лаби баста аз гуфтори ман
Домани фикр манаст аз домани гули поктар
Чашми шабнам май пурд дар ҳасрати гулзори ман
Чун садафи дарёдилонро боз мемонад даҳан
ГўҳроФшонӣ кунад чун калаки гавҳарбори ман
Дар пас ойӣна аз хиҷлат ниҳон гардӣда анд
Тӯтӣон дар рӯзгори калаки шукри бори ман
Олимӣ бедор шуд аз нолаам , гуё шуда аст
Машриқи субҳи қиёмати рахнаи минқори ман
Сарву шамшоду санавбар поикўбон ме шаванд
Ҳар ки хонд дар чамани як мисра аз афкори ман
Ҳалқаи берун дар кардааст хилту зулф ро
Бар баёзи гардан симин барон ашъори ман
Шишаи гардун хатар дорад зи зӯр бода ам
Кист то бар лаб гузорад соғари саршори ман ?
Синаи афсурдаи гулшан дар айёми хазон
намезанад ҷӯши баҳор аз гармии гуфтори ман
Ҳар раг сангӣ шавад ангушти зинҳор дигар
Кӯҳрогар дил фишорад нолаҳои зори ман
Ҳамчуи кӯҳи қоф дар мавҷи парии пинҳон шуда аст
Бесутуни ишқ аз Фарҳоди ширини кори ман
Дасти гулчини ғунча аз ҷӯш баҳорон ме шавад
Варна чӯби манъро раҳ нест дар гулзори ман
Музди кори ман зи завқи кори ман омода аст
Корфармо фориғаст аз иҳтимоми кори ман
Риштаи мавҷи сароб аз ҷӯши гавҳари бугсалад
Остин чун брФшонди абри гавҳарбори ман
Баҳри натавонади нафаси дигари зи ҷзр ва мад кашид
Гар чунин бар худ биболади гавҳари шҳўори ман
Бар дили озодаи худ бори худро баста ам
Нест дӯши ҳеҷ кас чу сарви зери бори ман
Чун нафас дар дил нагардад андалебонро гиреҳ ?
Ғунча мехусбад насими субҳ дар гулзори ман
Аз пушаймонии лаби худро ба дандон ме газад
Ҳар ки андозад зи нодонии гиреҳ дар кори ман
Рӯй дар ойӣнаи зонуӣ худ оварда ам
Нест чун тӯтии ваболи дигарон зангори ман
Ҷилваи даст ҳимоят мекунад зи оҳистагӣ
Бар сари мӯрони раҳ , пои сбкрФтори ман
Дард бар ман соиб аз дармони гуворотар шуда аст
Даст аз даст масеҳо мекашад бемори ман