Гирифтагии дил аз чашм равшанаст маро

Гиреҳ ба риштаи зи пайванд сӯзанаст маро

Ҷунуни даврии ман беш мешавад аз санг

Дарин стмкдаҳи ҳол фалоханаст маро

Дроздстии савдои ман на имрӯзӣ аст

Чу гул ҳамеша гиребон ба доманаст маро

Куҷо фиреб диҳад нақш , мурғи зиракро ?

Назари зи хонаи рангин ба равзанаст маро

Касе ки айб маро мекунад ниҳон аз ман

Агар чаҳ чашм азизаст , душманаст маро

Ба водӣӣ ки манам , тӯша бар миён бастан

Камар ба риштаи зуннор бастанаст маро

Азон ҳамеша буд обдори нағмаи ман

Ки доғи бода , гули ҷайб ва доманаст маро

Маро ба шамъ чу занбӯр , шаҳд ҳоҷат нест

Ки аз захираи худ , хона равшанаст маро

Ман он чароғи тнк мояам дарин маҳфил

Ки чарби нармии аҳбоб , равғанаст маро

Азон ба ҳифзи назари ҳамчуи бози машғӯлам

Ки дасту соиди шоҳон нишеманаст маро

Ғизолае ки маро кардааст саҳройӣ

Каманди гарданаш аз худ гусастанаст маро

Миёни фохтагони сарбаланд азон шуда ам

Ки дасти сарви чамани тавқ гарданаст маро

Ғарази зи сайри чаман , шӯр андалебон аст

Вагарнаи синаи пари доғ , гулшанаст маро

зи чоки синаи гул , аз гирифтагии соиб

Назар ба рахнаи девор гулшанаст маро