Нест ҷузи лухти ҷигари чизе дигар бар хон ман

Аз пушаймонии дил худ мехӯрд меҳмони ман

Дар мусӣбат хонаам гирди таъаллуқ фарш нест

Сайли хиҷлат май барад аз хонаи вайрони ман

Аз танури хок , нони ман фатир омад бурун

Аз танури осмон то чун барояд нони ман

Қатъи пайванд таъаллуқ кардаам зини хокдон

Доғ дорад хорро кӯтоҳии домони ман

намекунад бо остини ҷавҳари з рӯй теғи пок

Он ки мечӣанд ба домани ашк аз мижгони ман

Гиряи ман баҳрро дар ҳуққа гирдоб кард

Кист марҷон то занад сарпанҷа бо мижгони ман ?

Аз танур ҳар ҳубобӣ сар кашад тӯфони Нӯҳ

Чун ба дарёи рӯ наад чашми муҳӣти афшони ман

Накҳати зулфи ту роҳи шаш ҷиҳатро баста аст

Аз кадомин раҳ ба ҳуш ояд дили ҳайрони ман ?

Дар сари шӯридаи ман ақл шуд савдои ишқ

Дев Юсуф мешавад дар пилаи мизони ман

Соиб аз баси шӯри маънӣ ҳар тараф ангехта аст

Ёдӣ аз девон маҳшар медиҳад девони ман