Гар нхорди нохуни мурғони сари маҷнӯни ман

Кист пардозад ба ҷисми лоғари маҷнӯни ман ?

Аз хумори чашми Лайлӣ ҳамчунон хӯн ме хӯрам

Гар шавад нофи ғизолони соғари маҷнӯни ман

Монеъ тӯфон нагардад ҷӯши гавҳари баҳр ро

Кӣ шавад санги маломати лангари маҷнӯни ман ?

Май тапам дар хӯн чун доғи лола аз бе тоқатӣ

Гар буд дар домани Лайлии сари маҷнӯни ман

Ҳалқаи инсоф дар гӯшаши кашам аз печу тоб

Ҳар киро ҳарфӣ буд дар ҷавҳари маҷнӯни ман

Сафҳаи машқи ҷунуни дашти паймоёни ишқ

Ҳаст фарди ботилӣ аз дафтари маҷнӯни ман

Фурсати хоридн сар нест маҷнӯни маро

Мурғ май хорад ба погоҳии сари маҷнӯни ман

Дарду доғи ишқро аз синагар беруни даҳум

намешавад олами сиёҳ аз лашкари маҷнӯни ман

Шер нохун мегузорад , бол май резади уқоб

Аз шикваи ишқ дар бум ва бар маҷнӯни ман

Нест мумкин аз ғурури ишқи сар боло кунам

Маҳмили Лайлӣ гар ояд бар сари маҷнӯни ман

Чун фалохан каз гаронсангии сабк ҷавлон шавад

Санг Тифлон мешавад болу пари маҷнӯни ман

Ҷилва оташ кунад соиб ба чашми шбрўон

Бас ки сӯзади зи оташи савдои сари маҷнӯни ман