Чун занад домони ваҳшат бар камари савдои ман

Хоки сокини пари буруни оради зи нақши пои ман

Гарми рафторӣ чу ман дашти ҷунун ҳаргиз надошт

Мӯии оташ дида гардад хори зери пои ман

Рост месозад дили шабҳо нафаси мавҷи сароб

Роҳат манзил надорад шавқ бе пурвои ман

Чун фалак бошад мусалсал давр саргардонем

Гирдбоди ангушти ҳайрати гашт дар саҳрои ман

Ишқи ъолмсўз ҳар доғӣ ки сӯзад бар дилам

Айнак дигар шавад баҳри дили бинои ман

Гуфтугӯии сахти рӯйон бар дили ман бор нест

Ҳеҷ ҷо лангар намегирад ба худ дарёии ман

Бо камоли ногўориҳо , гуворо карда аст

Меҳнати имрӯзро андешаи фардои ман

Бодаи ман ҷомро бесоқӣ андозад ба давр

Шишаро чун нор хандон мекунад саҳбои ман

Бандҳои сустро соиби тавон осон гусехт

Саҳл бошад гар набошад мунтазами дунёии ман