Ба эътибори ҷаҳони ҳеҷ кор нест маро
Димоғи душманӣ рӯзгор нест маро
Чу тухм сӯхта хокистараст ҳосили ман
Умеди тарбият аз навбаҳор нест маро
Ба бару баҳр чу гавҳар якеаст нисбати ман
Гушоишии зи миён ва канор нест маро
Агар ба хок баробар кунад марои гардун
Ба дили ғубории азин раҳгузор нест маро
Ба посбонии авқоти хеши машғӯлам
Ба ҳеҷ кори ҷаҳон , ҳеҷ кор нест маро
Якеаст матлаби ман чун муваҳҳидони ҷаҳон
Ду чашм дар раҳи матлаб чаҳор нест маро
зи фикри неъмати алвон ба хӯн наме ғалатам
Ба синаи доғии азин лола зор нест маро
зи хорхори таманно бурӣдаам пайванд
Дил аз тараддуди хотир фигор нест маро
Ба дасту дӯш насимаст раҳнавардии ман
Вагарнаи барги сафар чун ғубор нест маро
Чу об оинаам барқарори худ доим
зи мавҷи ҳодисаи дил беқарор нест маро
Якеаст дар назари ман баланду пасти ҷаҳон
зи ҳеҷ мартабае фахр ва ор нест маро
Дар умед баровардаам ба гули соиб
Ду чашм дар гарав интизор нест маро