Соқӣ аз майхона ъолмтоб меояд бурун

Гавҳари шҳўори хуб аз об меояд бурун

Ишқ саргардоне дорад , вале хӯн ме хӯрд

Киштӣ ҳар каси азин гирдоб меояд бурун

Дар фурӯғи ишқи нур ақл гардӣдааст маҳв

Вой бар шамъӣ ки дар маҳтоб меояд бурун

Печу тоб аз ҷавҳари шамшер агар берун равад

Ҷони ошиқи ҳам зи печ ва тоб меояд бурун

Гиряи мо беқароронро айёр дигараст

Ҷои ашк аз чашми мо симоб меояд бурун

Субҳ аз хӯни шафақи домони худро пок кард

Ҳамчунон аз захми мо хуноб меояд бурун

Бе зуҳӯри ишқи ошиқ дар ҳиҷоб нестӣ аст

Зарра бо хуршед ъолмтоб меояд бурун

Даст то бар соз зад мутриб , дили мо хӯн гирист

Аз замини мо ба нохун об меояд бурун

Ақл дар ҳар оби саҳлии дасту по гум ме кунад

Ишқи соиби солим аз ғарқоб меояд бурун