Оҳи ҳасрат аз дили перони ҷаҳд бе ихтиёр
Тири соиби зини камон безӯр меояд бурун
Мӯ агар аз коса фағфур меояд бурун
Боди нихват аз сар мағрур меояд бурун
Раҳми азин дилҳои сангини ҳам таровуш ме кунад
Ашк агар аз дидаҳои кӯр меояд бурун
Ҳади шаръии маст беҳадро наме орад ба ҳуш
Дор кӣ аз ӯҳда Мансур меояд бурун ?
Гуфтугӯии рост равшан мекунад офоқ ро
Аз даҳони субҳи содиқ нур меояд бурун
Пардаи айби касонро ҳар ки ӣнҷо май дард
Бекафан дар рӯзи ҳашар аз гӯр меояд бурун
Нест ҳарфи ишқро таъсир дар афсурдагон
Бе намаки моҳии зи баҳр шӯр меояд бурун
Дар дил ман кард ҳашари орзӯи он хати сабз
Аз замин дар навбаҳорон мӯр меояд бурун
Шарми ишқи пок дар хилват яке гардад ҳазор
Аз ҳарими васли дил маҳҷӯр меояд бурун
Ҳирси мардум дар куҳансолии ду боло ме шавад
Болу пари вақти раҳил аз мӯр меояд бурун