Рози ошиқ аз лаб хомӯш меояд бурун

Дӯди зуд аз оташи хас пӯш меояд бурун

Аз раги абрии пар аз гавҳар шавад чандини садаф

Як забон аз ӯҳдаи сад гӯш меояд бурун

Зон ба рӯй даст ҷо бахшанд мисатони ҷом ро

Каз ҳарими микшон хомӯш меояд бурун

Ҳасан ӯ аз хилвати ойӣна бо он муҳаррамӣ

Аз камоли шарми шабнам пӯш меояд бурун

Қоматаши қуллоби гашт ва аз сараш ғифлат нарафт

Хоҷаро ин пунба кӣ аз гӯш меояд бурун ?

Дидаҳои пок ,тар дастаст дар эҷоди ҳасан

Ҳоларо ӣнҷои ма аз оғӯш меояд бурун

Дар куҳансолии ҷавонтар гашти соиби фикри ман

Зини таҳи хами бода срҷўш меояд бурун