Ҳамон касе ки ба дасти карами сиришти маро
Ба зери пои хами андохти ҳамчуи хишти маро
Ба ман чу риштаи зуннор , куфр печида аст
наме тавон бадар оварад аз кунишати маро
зи шӯри ишқи намак дар хамири ман андохт
Ба дасти лутфи азизӣ ки май сиришти маро
Ба худ чигуна напечам , ки ҳамчуи ҷавҳари теғ
зи печу тоб буд хати сарнавишти маро
зи файзи серумаи ҳайрати дарин тамошогоҳ
Яке шудааст чу ойӣнаи хубу зишти маро
зи оҳи сард буд сабзаи тухми сӯхта ро
Сиёҳ рӯз шуд он омилӣ ки кишти маро
Ба буии перҳан аз дӯст сулҳ натавон кард
Куҷо фиреб диҳад ҷилваи биҳишти маро ?
Қабули сбҳаҳ ва зуннор нест риштаи ман
Ба ҳайратам ба чаҳ умеди чархи рашти маро
Дарин бисоти ман он одами сияҳи корам
Ки фикр дона баровард аз биҳишти маро
Чу ишқ , ҳасани худододи ман ҷаҳонгир аст
Ба ҳеҷ оина натавон намӯд зишти маро
зи шамъи ашку зи парвонаи хости хокистар
Чу ишқи хонаи барандоз май сиришти маро
зи хоки ишқ дамидааст донаам соиб
Ба оташи рухи гул ме тавон буришати маро