Гар бинолам хӯни зи чашм санг меояд бурун
Вари бгрими хору гул икрнг меояд бурун
Ҳар тарафи девонаи хуши толеъ ман ме равад
Кӯдакӣ бо домани пар санг меояд бурун
Фориғаст аз худнамоеи ҷавҳари иқболи мо
Теғи мо аз захмҳо беранг меояд бурун
Умрҳо бояд ки он ёқӯти лаб нўхт шавад
Сабза бо тамкини зи зер санг меояд бурун
Захм пайкон мешавад дар синаи дилгири ман
Гули зи боғами ғунча дилтанг меояд бурун
Тӯтӣонро дил чу мағзи писта хӯн хоҳад шудан
Гар ба ин тамкини шукр аз танг меояд бурун
Ҳарки чун ойӣнаи лавҳи синаи худ соф кард
Сода аз дунёии пар найранг меояд бурун
Як гул беранг дорад олами пари рангу бӯ
Каз латофат ҳар замони сад ранг меояд бурун
Бесутунро дар фалохан мегузорад теша ам
Кӯҳкан бо ман куҷо ҳамсанг меояд бурун ?
Гарчи дар ҳар ҳамлае май афканди сад сар ба хок
Дасти холӣ найзаам аз ҷанг меояд бурун
Гар ба ин дастур хоҳад бодаи ман ҷӯш зад
Аз тилисми чархи мино ранг меояд бурун
Аз дили мо ҳирсро дасти тасарруф кӯтаҳ аст
Ин сабуи хушк аз мегулранг меояд бурун
Нест чун Фарҳод агар дар ҷазби ошиқи кӯтаҳӣ
Нақши ширин беҳиҷоб аз санг меояд бурун
Аз риёзати ҳаркиро бар пушт май часбади шикам
Нолааш чун чанг , сайр оҳанг меояд бурун
Субҳи перӣ аз дилами зангори ғифлатро набард
Дигари ин ойӣна кӣ аз занг меояд бурун ?
Мо дарин гулзори соиби мурғ отшхўораҳ ем
Донаи мо чун шарор аз санг меояд бурун