Ақли пуч аз ӯҳда савдо намеояд бурун
Пунба аз тасхири ин мино намеояд бурун
Чашм он дорам ки бо ном ва нишон оем бурун
Аз биёбоне ки нақш по намеояд бурун
Олимӣ аз бихўдӣ гар ҳаст хуштар дар ҷаҳон
Чун Флотўн аз хам саҳбо намеояд бурун ?
Гарчи дорад шухии мо барқро дар печу тоб
Аз лаби мо ханда биҷо намеояд бурун
Ҳар ки шамъии зери хок аз дидаи бинои набард
Аз шабистони кафан бино намеояд бурун
Ҳайратӣ дорам ки бо ин беқарориҳои шавқ
Чун марои болу пар аз аъзо намеояд бурун ?
Теғи мо аз безабонӣ дар ниёам занг нест
Шермардӣ аз саф ҳиҷо намеояд бурун
Ҳар киро дидем , дорад бар ҷигари доғи нифоқ
Моҳӣ бе фалси азин дарё намеояд бурун
Шбрўони кӯии ҷононро силаҳӣ лозим аст
Моҳ бетеғу сипар шабҳо намеояд бурун
Ин чаҳ домони назокат бар замин соиидн аст
Гул ба ин тамкин ( ва ) истиғно намеояд бурун
Дар шабистонӣ ки аҳли шарм соғар ме зананд
Аз даҳанҳо накҳат саҳбо намеояд бурун
Ин ҷавоби он ғазали соиб ки мегуяд мисол
Ҳеҷ кас аз фикри ин савдо намеояд бурун