Дида бе нури моро кард бинои перҳан

Бар чароғи мурда мо шуд масеҳои перҳан

Гуфт пайғамбари мпўшониди тан дар навбаҳор

Чун насозам дар баҳорони раҳни саҳбои перҳан ?

Парда исмат надорад тоб даст андоз шавқ

Рӯ ба канъон кард аз дасти Зулайхои перҳан

Пунбаи натавонад шудан бар чеҳраи оташи ниқоб

намекунад паҳлуи тиҳӣ аз синаи мо перҳан

Барги гулро раҳ ба он андом нозук дода аст

Синаам ҳаргиз нахоҳад соф шуд бо перҳан !

Мардуми чашми садаф дигар нахоҳад шуд сифед

Гар бишӯяд бахти ман дар оби дарёи перҳан

Гарна шаб бар чашми маҷнӯн остин молидаа аст

Лола чун афканда бар домони саҳрои перҳан ?

Доғи носури маро бо пунбаи роҳат чаҳ кор ?

Ҷанг дорад дасти мотами дидагон бо перҳан

Чун гул аз зӯри ҷунуни маҷмӯъа чокӣ шавад

Гар чу оташ бар танам бошад зи хорои перҳан

Пардаи номӯсро хоҳам даридани чӯби ҳубоб

Бар танами зиндон шудааст аз зӯри саҳбои перҳан

Соиби он рӯзӣ ки аз дили доғи пинҳон шуъла зад

Ҷома фонӯс шуд бар пайкари мо перҳан